Дар пайи ба даст овардани Ҷоми Федератсия дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба Суперҷоми футболи Тоҷикистон низ соҳиб шуд.
Дар вохӯрӣ миёни ин даста ва чемпиони мавсими гузаштаи футболи Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ футболбозони душанбегӣ бо ҳисоби калонӣ 5 бар 0 бар ҳарифонашон дастболо шуда, бори чаҳорум ба Суперҷоми футболи кишвар дастёб шуданд.
Дар вазъи тантанавӣ Суперҷомро ба капитани дастаи «Истиқлол» Дилшод Восиев президенти Федератсияи ҷаҳонии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер тақдим кард, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Соли гузашта дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2 бар 1 шикаст дода, Суперҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст оварда буд. То ин дам се дафъа дар вохӯриҳо барои дарёфти Суперҷом дастаи «Истиқлол» ғолиб омада буд.
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста