Дар рейтинг   ё феҳристи нави имрӯз нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 215 имтиёз дар зинаи 137-ум қарор гирифт .

Дар зинаҳои аввали рейтинг дастаҳои мунтахаби футболи Олмон, Аргентина, Колумбия, Белгия, Нидерланд ва Бразилия қарор доранд.

Миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зинаҳои нисбатан баландро Украина (27-ум), Русия (33-юм) ва Ӯзбекистон (71-ум) ишғол мекунанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Қобили зикр аст, ки рейтинги мазкур дар маҷмӯъ 209 дастаи мунтахаби футболи кишварҳои дунёро фаро мегирад.