Дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сохтмони чанд иншооту биноҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, мактаб-гимназияи № 1  ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ва литсеи физикӣ-математикии № 1 ба номи академик М. Осимӣ агарчанде дар қатори дабистонҳои солиёни дароз фаъолият дошта ба ҳисоб равад ҳам то ҳол толори варзишии худро надоштанд.

Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бунёди толори варзишӣ дар муасссисаҳои таълимии зикргардида пешбинӣ гаштааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода дар чорбании макотиби мазкур, ки бахшида ба гузоштани хишти аввали толори варзишӣ баргузор гашт, иштирок намуд.

Аз рӯи лоиҳаи пешниҳоднамудаи Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд толори варзишӣ барои хонандагон иборат аз ҳуҷраҳои либоскашӣ, шустушӯй ва муаллимон буда, бо тарҳи замонавӣ сохта мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд доири сохтмони иншооти мазкур ибрози андеша намуда қайд кард, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ байни мактабиён ва дабистонҳои шаҳр лоиҳаҳои сохтмонӣ бояд бозбинӣ шаванд. Раҷаббой Аҳмадзода пешниҳод намуд, ки имкониятҳои толор васеъ карда шуда, он бояд барои баргузории намудҳои варзишии футболи хурд, гимнастика, баскетболу валейбол низ мувофиқат намояд. Маблағи умумии ҳар як сохтмони пешбинишуда 800 ҳазор сомонӣ буда, он аз хисоби буҷаи шаҳри Хуҷанд ба анҷом расонда мешавад.

Дар литсеи № 1 бошад ҳайати омӯзгорон аз ин иқдоми мақомоти маҳаллӣ изҳори сипосмандӣ намуда, зикр намуданд,ки барои сохтмони 4 синфхонаи иловагии мактаб Шӯрои волидайни мактаби мазкур имкони кӯмак намудан дорад.

Ин пешниҳод аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд ба хушнудӣ пазируфта шуда, ба Идораи сохтмони асосӣ дастур дод,ки лоиҳаи боз 4 синфхонаро барои баррасии ҳайати омӯзгорон ва Шӯрои волидайни мактаб пешниҳод намоянд ва таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ дар навбати худ дар ин кор саҳм хоҳад гузошт.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба сохтмончиёни иншоотҳои варзишӣ супориш дод, ки то оғози соли нави таҳсили имсола хонандагон бояд дар толорҳои варзишӣ дарсҳои худро гузаронанд.