Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - 15 июли соли 2008 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҷараёни татбиқи лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт намояндагони масъули Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро таҳти роҳбарии Директори алтернативии бонки мазкур аз Нидерландия ҷаноби Ханс Спроккриф ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки тибқи санадҳои дахлдори то ба имрўз байни ҷонибҳо ба имзорасида, аз тарафи   ширкати шведии « SWECO International AB » ҳамчун мушовири татбиқи Лоиҳа пажӯҳиши тамоми ҷузъиёти беҳбудбахшии ҳолати беҳдошти шаҳр ва барориши саривақтии партовҳои маишӣ ҷиҳати омодасозии заминаи фанниву иқтисодии лоиҳа   корҳо ба анҷом расидаанд. Феълан Созишнома оид ба татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа, ки фарогири масъалаҳои харидории техникаҳои коммуналии партовкашон, қуттиҳои зарурӣ барои ҷамъоварии партов ва таҷдиди партовгоҳи шаҳрӣ мебошад, омода карда шудааст, ки мавриди баррасии тарафҳо қарор дошта, рӯзҳои наздик манзури мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати ба тасвиб расонидан пешниҳод карда мешавад.

Раиси шаҳр аз вусъати корҳо дар   ин самт изҳори қаноатмандӣ намуда, аз масъулини тарафҳо талаб кард, ки бо риояи ҷузъиёти қарордодӣ дар мавриди таносуби маблағҳои бурсӣ ва қарзии лоиҳа, ки дар маҷмӯъ 9,8 млн. $-ро ташкил медиҳанд, созишнома омода созанд, ки он нек пазируфта шуд.

Зимни мулоқот берун аз масъалаи Лоиҳаи мазкур, масъулини Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷиҳати иштирок дар маблағгузории дигар лоиҳаҳои рушди ҳаёти хоҷагидории пойтахт изҳори омодагӣ намуданд. Шаҳрдорӣ аз иқдомоти Бонк ҷонибдорӣ намуда, пешниҳод сохт, ки дар бахши насби ҳисобкунакҳои обӣ, гузариш ба низоми обҳои зеризаминӣ, таҷдиди роҳҳо ва хатҳои барқии троллейбусҳо, коркарди нерӯи алтернативӣ барои   истеҳсоли гармӣ ва оби гарм   саҳмгузор гарданд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов хабар дод.