Конибодом. 17-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Ба буҷаи Конибодом маблағҳои иловагӣ ворид нагардиданд. Бо вуҷуди он ки дар маҷмӯъ истеҳсоли маҳсулот 107,4 фоизро ташкил дода бошад ҳам, ба иллати аз фаъолият бозмондани се корхонаи саноатии шаҳр истеҳсоли маҳсулоти дигар ба маблағи 3 млн. 483 ҳазор сомонӣ таъмин нагардида, буҷаи маҳаллӣ ба миқдори 417,9 ҳазор сомонӣ зарар дидааст.

«Ҷамъияти саҳомии (ҶС) «Ассор» (истеҳсоли равғани пахта») бо сабаби набудани ашёи хом, ҶС «Ирам» (истеҳсоли маҳсулоти консерваву равғани пахта) ба иллати иваз шудани раиси корхона ва корхонаи муштараки «Равот-Адрия» (истеҳсоли машрубот) бо сабаби адами маблағҳои гардон аз фаъолият бозмондаанд», - иттилоъ доданд ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдорӣ.

«Мақомоти роҳбарии шаҳр ҷиҳати ҳалли мушкилоти ин се корхона ва ҳамчунин коҳиши маблағи қарзҳои корхонаҳои саноатӣ, ки 20 ҳазор сомонӣ   аз музди меҳнат ва 304 ҳазор сомонӣ аз андоз иборатанд, тамоми чораҳоро меандешад», - идома дод сарчашма ва афзуд, ки қарзҳои андоз беш аз 157 ҳазор сомонӣ ба ҶС «Ҳабиб» (корхонаи пахтатозакунӣ) ва 98 ҳазор сомонӣ ба ҶС «Конибодом» (комбинати консерва) рост меоянд.