Ректори ду донишгоҳи Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки ба омӯзгорон ва кормандонашон кӯмаки молиявӣ мерасонанд. Яке маоши омӯзгоронро 10 фоиз баланд намуда, дигаре муаллимон ва кормандонашро аз пардохти маблағи хобгоҳ барои як сол озод кардааст. Дар ин бора масъулини донишгоҳҳо дар ҷаласаҳои солонаи худ хабар додаанд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода дар ҷаласаи солонаи донишгоҳ гуфтааст, аз 1 сентябри соли равон маоши муаллимонро 10 фоиз баланд мебардоранд.

Ҳамин тариқ, ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода ҳам ваъда кардааст, ки ҳамаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳро аз пардохти маблағи хобгоҳ барои соли 2022 пурра озод менамояд.

Масъулини Донишгоҳи тиҷорат навиштанд, ки дар хобгоҳи донишгоҳ алҳол беш аз 60 оилаи омӯзгор ва корманди донишгоҳ истиқомат доранд ва маблағи моҳонаи иҷора 360 сомониро ташкил медиҳад.

Дастгирии молиявии омӯзгорон ва кормандони донишгоҳҳо дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ моҳи декабр соли гузашта гуфт, ки шурӯъ аз моҳи июни соли равон маоши кормандони буҷавӣ то 25 фоиз баланд карда мешавад.

Ҳамчунин бояд гуфт, ки омӯзгорони донишгоҳҳу донишкадаҳои кишвар ба ғайр аз буҷети давлатӣ ҳамчунин, аз ҳисоби шартномаи донишҷӯён низ ба маошашон зам мешавад ва ҳамин тариқ як маоши мукаммалро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки аз маблағе ки омӯзгорон аз ҳисоби шартномаи донишҷӯён мегиранд, ба унвони илмӣ ва соати дарсии онҳо вобастагӣ дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.