Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | То ахири моҳи июн интиқоли тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои зарурии нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» аз Эрон ба Тоҷикистон анҷом меёбад.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мушовири сафорати Эрон оид ба масоили иқтисодӣ Аббос Баёнӣ хабар дод, нимаи ҳафтаи равон ҳавопаймои бузурги боркашони «АН-124» тавассути хатсайри Теҳрон-Ашқобод-Душанбе трансформатори вазнаш 120 тонна барои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2»-ро ба Душанбе расонид. «Акнун трансформатор муддати се-чаҳор рӯз тариқи мошинҳои калонҳаҷми боркаш ба майдони сохтмони нерӯгоҳ интиқол дода мешавад», - гуфт вай.
Ба қавли мавсуф, рӯзи якшанбе, 19-уми июн, боз як ҳавопаймо бо чунин бор барои нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба Душанбе парвоз хоҳад кард. «Интиқоли бори ба ин андоза вазн дар минтақа бори нахуст сурат гирифт», - иброз дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки агрегати аввали нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» дар арафаи ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста