Соли 2011 Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ба маблағи 213 млн. сомонӣ (наздик ба 45 млн. $) қарз додааст.

Дар нишасти хабарӣ раиси бонки мазкур Гулчеҳра Ҳасанова иброз дошт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 43% зиёдтар аст.

«Бонки мо аслан ба пешниҳоди қарзҳои хурд, ки ҳаҷми онҳо то 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, 56,5% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳанд таваҷҷуҳ зоҳир месозад. «Соли гузашта 98%-и қарзҳо бо асъори миллӣ дода шуданд, зеро истифода ва баргардонидани онҳо осонтар аст», - гуфт раиси бонк.

Г.Ҳасанова иброз дошт, ки мушкилот бо пешниҳоди қарз чун пештара боқӣ мемонанд. «Мутаассифона, на ҳама мефаҳманд, ки қарзҳои гирифтаро баргардонидан зарур аст, - зикр кард вай. – Аз ин рӯ, бонк ҳангоми додани қарз аз мизоҷон ҳуҷҷатҳо, гарав ва шаҳодати пардохтпазириро талаб мекунад».

Раиси «Амонатбонк» изҳор кард, ки дороиҳои бонк ба санаи 31-уми декабри соли 2011 беш аз 1 млрд. сомонӣ ва сармояи умумии бонк дар ин давра 138,6 млн. сомониро ташкил додааст. Даромади софи бонк дар соли 2011 12,2 млн. сомониро ташкил додааст.

Ҳамчунин Г.Ҳасанова таъкид кард, ки шумори дорандагони кортҳои бонк ҳудуди 165 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки зиёда аз 157 ҳазор нафарашон нафақахӯрон мебошанд. Раиси бонк ҳамчунин гуфт, нашр ва ба нафақахӯрон супурдани кортҳои бонкӣ ба таври ройгон анҷом дода мешавад.