Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хатсайри нави Хуҷанд-Краснодарро боз мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, парвозҳо ба ин хатсайр аз 4-уми феврал ҳар моҳ ду маротиба рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Парвоз тариқи ҳавопаймои навъи «Боинг 737» сурат мегирад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият оғоз кард. Феълан ширкат дорои 5 ҳавопаймо – Боинг 737-300, ду Боинги 737-800 ва ду Боинги 737-900 аст. Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.
Ғайр аз ин аз шаҳри Хуҷанд мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Красноярску Санкт-Петербург, Оренбург, Нижневартовск, Екатеринбург, Ханти-Мансийск, Қазон, Тюмен, Иркутск ва Новосибирск анҷом дода мешаванд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста