Соли равон барои зиёд кардани захираҳои давлатии Тоҷикистон ҷудо кардани 80 млн. сомонӣ (беш аз 16 млн. $) маблағ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 10 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Бино ба маълумот вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, соли гузашта маблағҳои ҷудошуда асосан барои харидани маводи сӯзишворӣ сарфа шуда буданд, зеро хатари болоравии нарх ва камбуд шудани маводи сӯзишворӣ вуҷуд дошт. «Ҳамчунин бо истифода аз ин маблағ маводи ғизойӣ, аз қабили гандум, орд, шакар, намак ва ҳамчунин гӯгирду воситаҳои шустушӯйӣ низ харида шуданд», - гуфт вай.

Ба гуфтаи Наҷмиддинов, барои дар ҳолатҳои фавқулодда ба иҷро расонидани корҳои барқароркунӣ ба маблағи 10 мл. сомонӣ масолеҳи сохтмон дастрас гардид.

Вазири молияи ҷумҳурӣ зикр кард, ки айни замон захираҳои давлатии Тоҷикистон маблағи умумии 310 млн. сомонӣ (65,1 млн. $)-ро ташкил медиҳанд.

«Қаблан дар Тоҷикистон чунин фондҳо мавҷуд набуданд. Танҳо чанде пештар ҷудо кардани воситаҳо барои зиёд кардани захираҳои давлатӣ оғоз гардид», - афзуд номбурда.