Аксизи сефоиза ба хизматгузориҳои операторони алоқаи мобилӣ, ки соли 2011 ҷорӣ гардид, ба буҷети Тоҷикистон дар ҳаҷми 45 млн. сомонӣ (9,4 млн. $) даромад овард.

Зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки дар сохтори даромади буҷет (8,4 млрд. сомонӣ) ин маблағи начандон зиёд аст.

«Ин воситаҳо ба мо барои дастгирии бахши иҷтимоӣ имкон фароҳам сохтанд. Соли гузашта ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри дастгирии бахши иҷтимоӣ – пардохти нафақа, кӯмакпулӣ, музди меҳнат ва ғайра 330 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо кард. Аз ин рӯ, маблағҳои воридшуда аз ҳисоби аксиз ба мо хеле саривақтӣ буданд», - афзуд вазир.

Ёдрас мекунем, ки аксизи сефоиза ба хизматгузориҳои операторони алоқаи мобилӣ 1-уми феврали соли 2011 пас аз ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси андози ҶТ ҷорӣ гардид. Дар робита ба ин қиммати алоқаи мобилшӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 3% боло рафт.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон ҳафт ширкат - «Мегафон-Тоҷикистон», «Babilon-m», «Tcell», «Beeline», «ТК-mobile», ҶСК «Тоҷиктелеком» ва «Telecom technology Ltd.» операторони алоқаи мобилӣ мебошанд.