Корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол», ки минтақаи ҷанубу шимоли ҷумҳуриро ба ҳам меайвандад, моҳи ноябри соли равон ба анҷом мерасанд.

Зимни нишасти хабарӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон Низом Ҳакимов изҳор кард, ки мутобиқи созишномаи иловагӣ миёни Вазорати нақлиёт ва ширкати Sangob, ҳамаи корҳо дар иншоот бояд то моҳи ноябри соли равон ба анҷом расанд.

Ба қавли вазир, сарфи назар аз сардиҳои фасли зимистон, айни замон дар иншооти мазкур зиёда аз 100 нафар бинокорон машғули коранд. «Корҳо дар масофаи беш аз 3 км нақб ба охир расида, ҳамчунин корҳои насби таҷҳизоти ҳавософкун ва рӯшноидеҳ низ идома дорад», - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли гузашта Эрону Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки ҳар кадоме аз ҷонибҳо барои пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ 3 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад. Барои анҷоми пурраи корҳо дар нақб 6 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Он замон дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ гуфта буданд, ки барои иҷрои пурраи тамоми корҳо чор-панҷ моҳ кифоя аст.

Аввали соли гузашта дар Вазорати нақлиёт гуфта буданд, ки тамоми корҳо дар нақб моҳи сентябри соли 2011 – дар арафаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ ба анҷом мерасанд.

Нақби панҷкилометраи «Истиқлол» натанҳо муддати тамоми сол робита миёни минтақаи ҷанубу шимоли кишварро таъмин мекунад, балки минбаъд ба роҳ ёфтан ба кишварҳои хориҷи дуру наздик низ имкон муҳайё хоҳад сохт.

Сохтмони нақб соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Sobir International» оғоз гардида буд. Баҳри амалисозии лоиҳаи мазкур Эрон беш аз 31 млн. доллари ИМА ҷудо кард, ки 10 млн. $-и он бурс ва 21, 2 млн. доллари ИМА қарз буд. Аз замони оғози амалисозии лоиҳа ҳиссаи Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Истиқлол» чор сол пеш бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон баргузор шуда бошад ҳам, лекин корҳо сохтмонии он пурра ба анҷом нарасида буданд.

Соли 2010 анҷоми корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» ба ӯҳдаи ширкати дигари эронӣ – Sangob вогузор гардид. Ин ширкат ба сохтмони нерӯгоҳи обӣ-барқии «Сангтӯда-2» низ машғул аст.