Соли 2011 дар Тоҷикистон ҳудуди 280 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2010 ба андозаи 15% камтар аст.

Тавре ба журналистон муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ҳамидуллохон Фақиров хабар дод, соли 2010 дар Тоҷикистон 350 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол гардида буд.

Нимаи соли гузашта дар Вазорати рушди иқтисод иттилоъ дода буданд, ки то ахири соли 2011 КВД «Корхонаи адюминии Тоҷикистон» (Талко) истеҳсоли 390 ҳазор тонна металлро ба нақша гирифтааст.

«Моҳҳои феврал-марти соли гузашта бинобар сабаби сардии шадиди обуҳаво интиқоли нерӯи барқ ба корхона маҳдуд гардида, он ба корхона имкон надод, ки бо иқтидори пурра фаъолият намояд ва ин ба коҳиши ҳаҷми истеҳсол боис гардид», - гуфт вай.

Фақиров коҳиши ҳаҷми истеҳсол дар соли гузаштаро ба «чанде аз мушкилот»-и вобаста ба дастрасии ашёи хом, кокси нафтӣ низ рабт медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҷиҳати ноил гардидан ба дастрасии ашёи хоми маҳаллӣ барои истеҳсоли алюминий тадбирҳо андешида мешаванд ва дар ин самт таҳти назорати ҳукумат чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Номбурда қайд кард, ки алюминии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда асосан ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

«Дар дохили ҷумҳурӣ қисмати ночизи алюминий коркард мешавад, - мегӯяд Фақиров, - Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли кабел дар «Талко» ҳудуди 10 ҳазор тонна алюминии аввалия ба эҳтиёҷоти ин корхона масраф мешавад. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ дигар истеҳсолоти начандон назарраси марбут ба алюминий низ мавҷуданд, вале қисмати асосӣ ба хориҷи кишвар бароварда мешавад».

Фақиров афзуд, мутобиқи барномаи ҳукумат, ҳаҷми коркарди алюминии аввалия дар дохили ҷумҳурӣ бояд ҳамасола рӯ ба афзоиш ниҳад.