Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бар ин назар аст, ки агар Тоҷикистон ҳарчи зудтар қонунгузории худро ба талаботи Созмони ҷаҳонии савдо мутобиқ кунад, ҳамон қадар тезтар ӯро ба ин созмон қабул хоҳанд кард.

«Ҳамааш ба худи мо вобаста аст. Агар мо ҳарчи зудтар ислоҳотҳоро амалӣ созем, моро ҳамон қадар тезтар ба ин узвияти ин созмон хоҳанд пазируфт», - гуфт Назриев зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе.

Ба гуфтаи ӯ, тайи ду соли ахир Тоҷикистон бобати узвият ба Созмони ҷаҳонии савдо фаъолона гуфтушунид дорад.

«Дар ин самт гуфтушунидҳои дуҷонибаву бисёрҷониба дар маҷмӯъ бо 32 кишвари ҷаҳон идома доранд, - зикр кард вай. – Аз ҷумла, бо 15 кишвари дунё гуфтушунидҳои дуҷониба идома дошта, алҳол танҳо бо ду кишвар – Чину Ҳиндустон протокол ба имзо расид».

Назриев таъкид кард, ки гуфтушунидҳо бо ИМА ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ин масъала дар арафаи анҷомёбианд.