Соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Русия нисбат ба соли 2010 (бидуни назардошти тиҷорати ғайрирасмӣ) ба андозаи 8,6% коҳиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия, соли гузашта ҳиссаи Русия дар ҳаҷми умумии муомилоти моли Тоҷикистон аз 23 то 18% поин рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содирот аз Русия ба Тоҷикистон ба андозаи 7 % афзуда, зиёда аз 40%-и маҳсулоти содиротии Русия ба Тоҷикистонро маҳсулоти минералӣ, 17% - маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ва 16%-ро чӯбу тахта ва маснӯоти он ташкил додаанд.

Гуфта мешавад, соли гузашта ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Русия 58% коҳиш ёфтааст ва кам шудани ҳаҷми муомилоти молӣ бо Тоҷикистонро коршиносон маҳз дар ҳамин мебинанд.

Зиёда аз 90%-и маҳсулоти воридотии Тоҷикистон ба Русияро маснӯоти бофандагӣ ва маводи ғизойӣ ташкил медиҳанд.