Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо Намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушд (AKDN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мунир Мералӣ мулоқот намуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, зимни мулоқот Ш.Раҳимзода изҳор доштааст, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз бо тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баҳри вусъат бахшидани муносибот бо Созмони Оғохон оид ба рушд ҳамеша омода аст.

Мунир Мералӣ дар навбати худ атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, молия ва бонкдорӣ, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, ҷоннок кардани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар, инчунин тайёр намудани кадрҳо дар бахши иқтисод, меҳмондорӣ ва туризм, суғурта ва дар дигар самтҳои бахши иҷтимоӣ изҳори ақида ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.