Чанде қабл муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Умеди Давлатзод бо директори намояндагии Барномаи ҷаҳонии ғизои Созмони Милали Муттаҳид дар ҶТ Алзира Ферейра гуфтушунид кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо бобати масоили рӯзмарраи мавриди таваҷҷуҳи тарафйн ва дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули афкор намуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар вохӯрӣ яке аз масъалаҳои муҳими марбут ба аҳдофи стратегии ҷумҳурӣ, яъне таъмини амнияти ғизоӣ баррасӣ шудааст.

Дар ҷараёни суҳбат Алзира Ферейра аз ҷониби ин ташкилот оид ба нақшаву барнома ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак пешниҳодоти мушаххас баён кард.