Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Хилел Нюман баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар вохўрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо дар самтҳои ҷалби сармоя, лоиҳакашӣ, бунёд ва ба истифодадиҳии электростансияҳои офтобӣ бо истифода аз таҷрибаи бои кишвари Исроил дар Ҷумҳурӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.

 Ҳамзамон, масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кўҳӣ, саноати сабук (дўзандагию, ресандагӣ), меваю сабазавот, коркарди пашму пўст, коркарди маҳсулотҳои шири, соҳаи ҷустуҷўи геологӣ ва истихроҷи нафту газ баррасӣ карда шуданд.

Ибрози назар карда шуд, ки Ҷаноби Хилел Нюман Ҷониби Исроил, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ва сармоягузорони ин кишварро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда шинос хоҳад кард.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохўрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.