Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо коршиносони Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) бо роҳбарии Лутаф Касам- мудири бахши иқтисодии Фонди Оғохон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти азорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, нахуст Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ оид ба саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар соҳаи энергетика дар ВМБК, аз ҷумла сохтмони НБО –Ширк 1, НБО- Ширк 2, НБО- Бартанг, ҳамчунин нерўгоҳҳои барқии обии дарназардошташуда – НБО-Ванҷ, НБО-Мурғоб ибрози назар намуд. Инчунин имконияти ба роҳ мондани корҳо вобаста ба асосноккунии техникию-иқтисодии НБО-ҳои «Санобод», «Себзор», сохтмони хатҳои интиқоли барқӣ дар минтақаҳои дурдасти кўҳистон мувофиқи мақсад ҳисобида шуд. Тавре зикр гардид, амалисозии лоиҳаҳои мазкур барои таъмини қисмати зиёди Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон, рушди соҳаи саноати ин минтақаҳо, бахусус маъдан ва таъмини аҳолии ин минтақаҳо бо ҷои кор мусоидат хоҳад кард.

Лутаф Касам иброз дошт, ки имконияти татбиқи лоиҳаҳои мазкур мавриди омўзиш қарор дода шуда, (AKFED)-и Фонди Оғохон барои густариш додани ҳамкориҳоро дар бахшҳои зикргардида мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.

Гурӯҳи коршиносони Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ, таҳти роҳбарии Лутаф Касам дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии бо муовини якуми Вазир, Ҳамидуллохон Фақеров низ мулоқот анҷом доданд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозӣ бо тамоми ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ баҳри вусъат бахшидани муносибот бо Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ҳамеша омода аст, зикр намуд дар рафти мулоқот Ҳ.Фақеров.

Лутаф Касам дар навбати худ атрофи нақшаю барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби созмони мазкур дар бахши хусусӣ, энергетика, кишоварзӣ, ҷоннок кардани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар, сайёҳӣ ва дар дигар самтҳои бахши иҷтимоӣ изҳори ақида ва пешниҳодҳои мушаххас манзур намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.