Ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили зербинои аввалияи минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Данғара» дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умеди Давлатзод иттилоъ дод, маъмурияти МОИ «Данғара» дар самти ташкили зербинои аввалия корҳои зиёд анҷом дода, аз ҷумла ба қаламрави минтақа аллакай шабакаи обтаъминкунии саноатӣ (3,8 км) гузаронида шудааст ва маблағи ҷудошуда ҳамчунин баҳри бо панҷара маҳкам кардани қаламрави он масраф хоҳад шуд.

«Интизорӣ меравад, ки субъекти аввалини МОИ «Данғара» дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ (27-уми июн) ба истеҳсоли маҳсулот – масолеҳи сохтмон оғоз хоҳад кард», - иброз дошт вай.

Ба қавли Умеди Давлатзод, ҳамчунин масъалаи бунёди корхонаи истеҳсоли ҳисобкунакҳои барқӣ дар минтақа аз ҷониби ширкати эронии «Афзор» ва корхонаи коркарди пӯст аз ҷониби ширкатҳои кореягӣ ва туркӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, соҳибкорони эронӣ ба сохтмони корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 1,1 млн. тонна семент дар як сол ва бо истифода аз ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар ин минтақа мароқ зоҳир кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки қонун дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2004 қабул шуда буд. Соли 2011 қонуни мазкур дар таҳрири нав ба тасвиб расид. Айни замон дар ҷумҳурӣ 4 минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Ишкошим» ва «Панҷ» таъсис дода шудаанд.