Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соҳиби боз як ҳавопаймои Боинг 737-300 гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ хабар доданд, ҳавопаймо бо тарзи лизинги молиявӣ гирифта шудааст. Ҳавопаймо дорои 149 ҷойи нишаст мебошад. Дар хусуси дастрас кардани ин ҳавопаймо миёни ширкати «Сомон Эйр» ва «Boeing Capital Corporation» гуфтушунидҳо анҷом пазируфтанд.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти раҳбарии ширкат тасмим гирифтааст, ки ҳавопаймои навро ба исми Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Нусратулло Махсум номгузорӣ кунад.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дорои 6 ҳавопаймо – ду Боинги 737-900, ду Боинги 7337-800 ва ду Боинги 737-300 аст.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» соли 2008 ба фаъолият оғоз кард. Айни замон Ширкати «Сомон Эйр» парвози ҳавопаймоҳо аз шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Франкфурти Майн (Олмон), Дубай (АМА), Истамбул (Туркия), Урумчӣ (Чин), Ҷидда (Арабистони Саъудӣ), Симферопол (Украина), Маскав, Санкт-Петербург, Оренбург, Красноярск (Русия), Алмаато (Қазоқистон) ва аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳрҳои Санкт-Петрбург, Красноярск, Ханти-Мансийск, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Нижневартовск (Русия)-ро ба анҷом мерасонад.

Ғайр аз ин аз шаҳри Хуҷанд мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Красноярску Санкт-Петербург, Оренбург, Нижневартовск, Екатеринбург, Ханти-Мансийск, Қазон, Тюмен, Иркутск ва Новосибирск анҷом дода мешаванд.