Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нақби дарозиаш 2 ҳазору 340 метр дар роҳи оҳани Душанбе-Ёвон қарзҳои хориҷиро ҷалб карданист. Иншооти мазкур як қисмате аз роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон мебошад.

Зимни ба баррасии вакилони палатаи поёнии парлумон пешниҳод кардани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012» вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки тибқи нақшаи ҳукумат, роҳи мазкур пас аз ду сол мавриди истифода қарор мегирад.

«Аз оғози корҳои сохтмонӣ дар соли 2009 то имрӯз дар қисмати сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон 2,5 млн. метри мураббаъ корҳои заминӣ анҷом дода шуда, ҳудуди 30 иншооти хурд бунёд ва беш аз 5 км роҳи оҳан сохта шудааст. Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қӯрғонтеппа як қисмате аз лоиҳаи байнулмилалии сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин мебошад», - зикр кард С.Наҷмиддинов.

Ба гуфтаи вазир, мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, сохтмони роҳи оҳан аз Душанбе то Қӯрғонтеппа ба маблағи 130 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти мазкур сохтмони 18 пули хурду бузург ва як нақб пешбинӣ шудааст.

«Дар робита ба масоили дар боло зикршуда, ҳукумати ҷумҳурӣ аз парлумони кишвар дархост мекунад, ки воридоти техникаву таҷҳизот барои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ёвонро аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод намояд. Маблағи озодшуда аз ААИ ва боҷи гумрукӣ 135 млн. сомонӣ (беш аз 27,5 млн. $)-ро ташкил дода, ба сохтмони иншооти мазкур масраф мегардад», - афзуд вазири молия.

Вакилони парлумон тағийироти аз ҷониби ҳукумат пшниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро якдилона дастгирӣ карданд.