Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Покистон дар Тоҷимкистон Амҷад Ҳусейн Б.Сиар мулоқот кард. Дар мулоқот масоили табодули маълумот дар бораи тиҷорат миёни ҷониҳо мувофиқа ва баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот дипломати покистонӣ изҳор кард, ки аз 4 то 7-уми октябри соли равон дар шаҳри Қарочии Покистон Намоишгоҳи 7-уми байнулмилалии «ЭКСПО Покистон-2012» баргузор мешавад. Сафир ҳайати Тоҷикистонро баҳри иштирок дар ин намоишгоҳ даъват намуд.

Шариф Саид барои даъват ба сафири Покистон изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии Палатаи савдо ва саноати ҷумҳуриро баҳри муосидат ба иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ изҳор кард.