Имрӯз дар Қирғизистон дар мавзӯи «Натоиҷи Ҳамоиши VI-уми ҷаҳонии об: Ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар масъалаи захираҳои обии фаромарзӣ дар минтақаи Осиёи Маркзӣ» семинар ба кор шурӯъ мекунад. Семинар аз ҷониби Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ бо дастгирии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созмон дода мешавад.

Бино ба маълумоти иттилоияи Маркази мазкур, дар доираи вохӯрии дурӯза баррасии натоиҷи Ҳамоиши ҷаҳонии об дар шаҳри Марсел (Фаронса) ва дар партави он муҳокимаи моделҳои гуногуни рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар масоили идоракунии захираҳои обии фаромарзӣ дар минтақа дар назар аст.

Иштирокдорони семинар бо паҳлӯҳои нави истифодаи муштараки захираҳои обии фаромарзӣ дар таҷрибаи байнулмилалӣ шинос шуда, муколама оид ба варақаи огоҳкунии пешакӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ идома меёбад.

Дар кори семинар шахсони расмии макомоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, Кумитаи иҷроияи Бунёди наҷоти баҳри Арал, намояндагони сохторҳои СММ, созмонҳои гуногуни минтақавӣ ва коршиносони байнулмилалӣ иштирок мекунанд.