Эрон перомуни транзити нерӯи барқ аз минтақаи Осиёи Марказӣ ба Туркия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупо бо Тоҷикистон гуфтушунид дорад, - изҳор доштааст вазири энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Номҷӯй.

«Барои васли шабакаҳои барқии Тоҷикистону Эрон сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ дар қаламрави Афғонистон зарур аст», - гуфтааст М.Номҷӯй ба шабакаи телевизионии эронии Press TV.

Ба гуфтаи ӯ, сохтмони хатти интиқоли барқи мазкур пас аз имзои созишномаи дахлдор миёни кишварҳо оғоз мегардад.

Дар ҳамин ҳол, қаблан намояндаи Вазорати энергетикаи Эрон Абдулҳамид Фарзам изҳор дошта буд, ки Эрон ба шабакаи барқии шаш кишвари минтақаи Осиё ва Қафқоз пайваст шуданист.

Ӯ зикр кард, ки Теҳрону Ашқобод дар бораи сохтмони ду хатти нави интиқоли барқи 400 кВ созишнома ба имзо расонидаанд, ки он ба додугирифти нерӯи барқ бо Қирғизистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Эрон имкон фароҳам месозад.

Эрон ба дастёбӣ ба содиркунандаи бузурги минтақавии нерӯи барқ шудан кӯшиш дорад ва барои бунёди се нерӯгоҳи барқӣ беш аз 1 млрд. доллари ИМА сармоягузорӣ ҷалб кардааст.

Айни замон Эрон бо Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия ва Туркманистон муносиботи табодули нерӯи барқро анҷом медиҳад.