Ахиран дар Тоҷикистон қимати гази моеъ ба таври назаррас коҳиш меёбад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсат оид ба таъмини нафту гази Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Ёраҳмад Бегаҳмадов хабар дод, аввали моҳи июн арзиши 1 литр гази моеъ ба ҳисоби миёна 2,90 сомониро ташкил дода, охири ҳамин моҳ қимати он то 2,60 сомонӣ поин рафтааст. Моҳи март бошад, арзиши 1 литр гази моеъ ба 3,5 сомонӣ баробар буд.

Сабаби босуръат поин рафтани арзиши гази моеъро мутахассис ба коҳиши нархи нафт дар биржаҳои ҷаҳонӣ марбут медонад. «Ҳанӯз моҳи март қимати баррели нафт дар биржаҳои ҷаҳон ба ҳисоби миёна 126 доллари ИМА-ро ташкил медод, имрӯз бошад, қимати он то ба 94 доллари ИМА поин рафтааст ва ин албатта, ба қимати гази моеъ низ бетаъсир нахоҳад буд», - гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти номбурда, соли равон ба Тоҷикистон 34 ҳазору 584 тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Ба Тоҷикистон ин навъи сӯзишворӣ пурра (100%) аз Қазоқистон оварда мешавад», - гуфт вай.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар робита ба афзудани ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла бензин ба таври назаррас коҳиш ёфтаанд.

Ба гуфтаи Бегаҳмадов, соли равон нархи миёнаи маҳсулоти нафтӣ нисбат ба соли гузашта ба андозаи 238 доллари ИМА барои 1 тонна афзуда, 1 ҳазору 168 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Намояндаи Вазорати энергетика ва саноат коҳиши ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳуриро ҳамчунин ба кам шудани талабот ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ мансуб донист. «Ба гунаи мисол, дар бораи ба истифодаи гази моеъ гузаронидани тамоми воситаҳои нақлиёти давлатӣ супориши президенти ҷумҳурӣ мавҷуд аст, ки он мавриди иҷро қарор дорад. Дар вазорати мо ҳамаи 14 адад автомашинаҳои хизматӣ ба истифодаи гази моеъ гузаронида шуданд», - афзуд Ёраҳмад Бегаҳмадов.