Аввали моҳи июл дар меҳмонхони «Ҳайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҳамоиш намояндагони беш аз 20 ширкатҳои Қазоқистон, корхонаву ташкилотҳои Вазорати саноат ва технологияҳои навини ин кишвар ва Корпоратсияи Содиротӣ-қарзии «КазЭкспортГарант» иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур роҳандозии робитаҳо барои афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст.

Дар доираи чорабиниҳои ҳамоиш намояндагони доираҳои тиҷоратии кишварҳо масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, рушди нақлиёт, боркшонӣ, саноати нафту кимиё, мошинсозӣ, сохтмон, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ хоҳанд кард.

Ғайр аз ин, гуфтушунидҳои дуҷонибаи намояндагони ширкат ва корхонаҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва муаррифии маҳсулоти ширкатҳои қазоқистонӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон 47 ширкат бо сармояи Қазоқистон фаъолият доранд.