Имрӯз дар ҷаласаи муштараки Вазорати рушди иқтисод ва савдо, котиботи Шӯрои миллии рушди назди прехиденти ҷумҳурӣ ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шариокн оид ба рушд ҷараёни амалисозии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод доир гардид.

Иштирокчиёни чорабинии мазкур дар бахшҳои захираҳои табиӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, инфрасохтор, энергетика ва саноат, рушди нерӯи инсонӣ, таҳкими идоракунии давлатӣ, рушди иқтисод ва бахши хусусӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ музокира намуданд.

Дар хотима тасмим гирифта шуд, ки пешниҳодоти иштирокчиён оид ба рафъи мушкилоти мавҷуда ҳангоми таҳияи Стратегияи навбатии миёнамӯҳлат барои солҳои 2013-2015 ба инобат гирифта мешаванд.