Чанде қабл ҳайати Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи VIII-уми тиҷоратии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Қошғар ширкат варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар намоишгоҳи мазкур, ки то 3-юми июл идома меёбад, 100 ширкату корхонаҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Намоишгоҳи мазкур сол то сол ҳарчи бештар таваҷҷуҳи соҳибкорону тоҷирони минтақаро ҷалб месозад. Дар ин намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардидааст, ки дар он дастовардҳои рушди иқтисодии кишвар дар бахшҳои гуногун ба маърази тамошо гузошта шудаанд.