Мавсими мубориза бо малах дар Тоҷикистон то ҳанӯз идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аввали ҳамин моҳ майдони паҳншавии малах 136,6 ҳазор гектарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 74,2 ҳазор гектар камтар аст.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон баҳри мубориза бо ин ҳашароти зараровар техникаи дахлдор ва қувваи кории зарурӣ сафарбар шудааст.

«Ба санаи 30-юми июни соли равон дар майдони беш аз 65,8 ҳазор гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд», - гуфтанд дар Вазорати кишоварзӣ.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли равон аз ҳама бештар заминҳои қаламрави вилояти Хатлон мавриди ҳамалаи малахҳо қарор гирифта, майдони паҳншавии малахҳо дар ин ҷо  зиёда аз 84 ҳазор гектарро ташкил додааст.

Ҳамчунин паҳншавии малах дар заминҳои вилояти Суғд (беш аз 40 ҳазор гектар), ноҳияҳои тобеи марказ (12,4 ҳазор гектар) ва ВМКБ (200 гектар) ба мушоҳида расидааст.