Ба аввали моҳи июн ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳои бонкҳои Тоҷикистон ҳудуди 4,5 млрд. сомонӣ (беш аз 950 млн. $)-ро ташкил дод, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои ташкилотҳои қарзии мамлакат дар мавриди ҷалби пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва сафарбар намудани онҳо барои рушди бахшҳои истеҳсолии иқтисодиёти кишвар беҳтар гашта истодаанд.

Зикр мегардад, ки бақияи пасандозҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2012 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,5 фоиз афзудааст.

«Таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, ки дар ин давра ҷалби маблағҳои шахсони воқеӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Масалан, 39,5 фоиз ё 1 745,8 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,5 фоиз ё 2 673,4 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд», - таъкид мегардад дар маълумоти БМТ.

Гуфта мешавад, дар панҷ моҳи соли равон фоизи миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,82 фоизи солона ва бо асъори хориҷӣ 13,62 фоизи солонаро ташкил намуд.