Рӯзи 5-уми июл дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ аз ҷониби Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest»-и Вазорати саноат ва технологияҳои навини Қазоқистон дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, 16 корхонаи истеҳсолии Қазоқистон дар бахшҳои мошинсозӣ, кимиёвӣ, дорусозӣ, маҳсулоти ғизойӣ ва ғайра бо харидорони имконпазири маҳсулоташон гуфтушунид анҷом медиҳанд.

Тайи се соли ахир намояндагони доираҳои тичоратии Қазоқистону Тоҷикистон бори сеюм аст, ки бо ҳам дидору гуфтушунид мекунанд.

Аз ҷониби Тоҷикистон иштироки беш аз 100 корхона пешбинӣ мешавад, ки ба харидани маҳсулоти тайёри ширкатҳои қазоқистонӣ манфиатдоранд.

Дар муқоиса бо соли 2009-ум соли 2011 ҳаҷми содироти маҳсулоти Қазоқистон ба Тоҷикистон ба андозаи 49% ё худ аз 240,3 млн. $ то ба 357,4 млн. $ афзуд. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содироти маҳсулоти коркардшуда дар ин давра 46% зиёд шуд. Соли 2011 Қазоқистон асосан маводи ғизойӣ ва маҳсулоти минералӣ содирот намуд.