Чанде қабл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мулоқоти вазир Шариф Раҳимзода бо намояндаи Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Асел Чингишева баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати мазкур хабар доданд, дар мулоқот ба барномаи навбатии сесолаи кӯмаки Бонки осиёгии рушд (БОР) ба Тоҷикистон, ки айни замон мавриди таҳия қарор дорад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар чаҳорчӯби ин барнома муддати се соли минбаъда БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 215, 5 млн. доллари ИМА воситаҳои бурсӣ ҷудо мекунад.
Қаблан намояндагони БОР изҳор карда буданд, ки ин барнома ба ҳалли масоили бештар афзалиятнок оид ба рушди кишвар – дастгирӣ дар барқарор ва эҳёи зербино, беҳбуди таъминот бо барқ, аз ҷумла рушди истифодаи энергияи барқароршаванда ва ҳамчунин дастгирии бахши хусусӣ равона мегардад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, то 1-уми апрели соли равон БОР дар ҳамроҳӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар амалисозии 12 лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисод иштирок мекунад, ки маблағи умумии онҳо 510 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор то моҳи апрели соли равон дар ҳаҷми 205 млн. доллари ИМА маблағҳо азхуд карда шудааст.
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста