Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва сафири Британияи Кабир дар ҶТ Роберт Орд Смит доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, баррасии масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими мулоқот буданд.

Зимни вохӯрӣ раиси ПСС ҶТ роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятноке чун гидроэнергетика, саноати кӯҳкориву сабук ва хӯрокворӣ, бахши кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳиро таъкид намуд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо зикр кардаанд, ки барои роҳандозии ҳамкориҳо ва бо мақсади шиносоӣ бо имконоти Тоҷикистон мебояд як ҳайати тоҷирони Британияро ба Тоҷикистон сафарбар намуд. Интизорӣ меравад, ки моҳи сентябри соли равон намояндагони Палатаи савдо ва саноати Лондон ба Душанбе ташриф меоранд.

«Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ имзои Тафоҳумнома (меморандум) дар бораи ҳамкорӣ миёни Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Лондон дар назар аст», - афзуд манбаъ.