Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин мебошад, ки беш аз нисфи қарз аз ҳаҷми умумӣ ба он рост омада, ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.


Ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон ҳудуди 2,3 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба 32,7% аз ҳаҷми умумии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст. То охири сол Тоҷикистон ният дорад, ки аз сарчашмаҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 215 млн. доллар маблағгузорӣ ҷалб намояд.