Корхонаи “Субҳи Ватан”-и шаҳри Исфара, ки ба истеҳсоли афшураҳои меваӣ машғул аст, соли равон бори нахуст аз Тоҷикистон ба Амрико афшураҳои мева, аз қабили мураббо, шарбати мева (сок) ва ғайраро бо маблағи умумии 17 ҳазор доллари амрикоӣ содир кардааст.
Гуфта мешавад, ки ин бори нахуст аст, ки аз Тоҷикистон ба ИМА маҳсулоти консервшуда содир мешавад.
Ин маҳсулот тавассути роҳҳи обӣ бо воситаи Туркия ба Амрико фиристода шудааст. Дар ин бора Наргис Шамсиева роҳбари намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ дод.
“Корхонаи мазкур асосан меваҳои нодир ва шифабахши Тоҷикистонро аз гӯшаву канори кишвар ҷамъоварӣ карда, ҳар гуна консерваҳо истеҳсол мекунад. Онҳо аллакай бо кишварҳои Аврупо, Туркия, Амрико, Руссия ва дигар давлатҳо шартнома баста маҳсулоташонро ба таври муосир бандубаст карда, ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфта истодаанд. Ин ҳанӯз оғози кор буда, соҳибкорон кӯшиш карда истодаанд, ки ҳар чи бештар молу маҳсулоташонро ба кишварҳои хориҷӣ содирот намоянд “- мегӯяд Шамсиева.
Ҳоло дар вилояти Суғд ба ғайр аз коргоҳҳои хурд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ба истеҳсоли афшураҳо машғуланд, 16 корхонаи калони истеҳсоли консерв фаъолият доранд.
Бино ба маълумоти дарёфтӣ ин корхонаҳо давоми 10 моҳи соли равон 28,8 миллион қуттии шартии консерва истеҳсол кардаанд, ки ин шумора назар ба ҳамин давраи соли гузашта, 1,5 маротиба зиёд мебошад. Аз ин теъдод 9.8 миллион қуттӣ ба Русия бо маблағи 103 ҳазор доллари амрикоӣ, ба Украина бо маблағи 29 ҳазор доллар ва ба Белорус ба маблағи 10 ҳазор доллари маҳсулот содир шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста