Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои анҷом додани хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иҷозатнома дод.
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 22 июни соли равон дар ин хусус қарори дахлдор қабул кард, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.
Иҷозатнома ба ВКХ Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани хизматрасониҳои махсус бо асъори хориҷӣ дар муддати се сол имкон медиҳад.
Гуфта мешавад, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор уҳдадор гардидааст, ки доир ба ВКХ Тоҷикистон дар Феҳристи дорандагони иҷозатнома барои анҷомдиҳии хизматрасонии (фаъолияти) махсус бо асъори хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан БМТ дар бораи додани ҷунин иҷозатнома ба КВД «Тоҷикаэронавигатсия”, ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ҶДММ «Созидание» (оператори меҳмонхонаи - Hyatt Regency Dushanbe) ва ширкатии CHL INTERNATIONAL (оператори Hilton Dushanbe) хабар дода буд.
Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби БМТ додашуда амалӣ карда мешавад.
Чунин иҷозатномаро корхонаву ширкатҳое дастрас карда метавонанд, ки ба амалиёти зерин машғуланд:
мағозаҳои савдои бебоҷ (duty-free shop);
- хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;
- нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони ваколатдор;
- миёнаравӣ дар бозори байналмилалии асъор.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста