Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти хӯрокворӣ, нуриҳои минералӣ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка), ки тариқи имтиёзнок барои ташкили захираҳои давлатӣ ворид мегарданд, тасдиқ карда шаванд.

Ба воридоти маҳсулоти зикршуда Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон машғул мешавад.

Бо қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, дастур дода мешавад, ки номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти хӯрокворӣ, нуриҳои минералӣ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ тасдиқ карда шавад. Ин маҳсулот аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва аксизҳо ба андозаи 50% аз меъёри муқарраршуда, инчунин пурра аз пардохти боҷи гумрукӣ  озод карда мешаванд.

Дар номгӯй маҳсулоти зерин бо ишораи ҳаҷмҳои ҳадди ниҳоӣ оварда шудааст:

 - гандум - 100 ҳазор тонна

- шакар (қанд) – 30 ҳазор тонна

- орд – 5 ҳазор тонна

- равғани растанӣ - 2 ҳазор тонна

- биринҷ - 2 ҳазор тонна

- бензин - 125 ҳазор тонна

- сӯзишвории дизелӣ – 125 ҳазор тонна

- карбамид – 15 ҳазор тонна

- селитра - 5 ҳазор тонна.

Акси марбута
Сурат: Asia-Plus

Ёдрас мекунем, ки рӯйхати имтиёзҳо аз андоз ва гумрук дар қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2024” аз 14 банд то 17 банд дар қонуни буҷети давлатии соли ҷорӣ зиёд шуд.

Киҳоро илова карданд?

Миёни имтиёздорон акнун воридкунандагони “дарахтони сояафкан, доимо сарсабз ва ороишӣ” ҳузур доранд, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои шинонидан дар боғу кӯчаҳои Душанбе ворид карда мешаванд.

Ҳамин гуна имтиёз ба КВД “Роҳсоз” барои ворид намудани “битуми тамғаи БНД 60/90” дода шуда, ҳаҷми он аз ҷониби ҳукумати кишвар муайян карда мешавад.

Ҳамчунин байни имтиёздорон бинокорон ва маъмурияти филиалҳои Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе қарор доранд.

Онҳо аз пардохти андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андози замин ва кормандони хориҷии онҳо - аз пардохти андози иҷтимоӣ ба андозаи 50% озод карда мешаванд.

Ғайр аз ин, воридоти таҷҳизоту маҳсулоти зарурии сохтмон, муҷаҳҳазсозӣ ва истифодаи филиали Донишкадаи мазкур, сохтмону муҷаҳҳазсозии Бинои бисёрсоҳавии “Маркази савдо, хидматрасонӣ ва фароғатӣ” дар кӯчаи Титови шаҳри Душанбе ва сохтмони муассисаи тиббии муосири бисёрсоҳавӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз пардохти ААИ ба андозаи 50% ва пурра аз пардохти боҷӣ гумрукӣ озод карда мешаванд.

Имтиёзгирони доимӣ

Ба мисли солҳои пешин фармоишгарон ва бинокорони меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ” дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, ки сохтмонаш соли 18-ум идома дорад, аз пардохти ААИ ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50% озод карда шудаанд.

Меҳмонхонаи "Исмоили Сомонӣ" дар Душанбе, ки сохтмонаш 18 сол инҷониб идома дорад
Сурат: Радиои Озодӣ

Ҳамчунин бинокорони бинои маъмурии баландошёнаи бисёрсоҳавӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Сино дар шаҳри Душанбе ва сохтмончиёни Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имтиёзҳо аз пардохти андоз соҳиб шуданд.

Меъёри ААИ ба воридот, коркард ва фурӯши маҳсулоти коркардшуда аз гандум (ба истиснои гандуми воридшуда барои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ), инчунин маснуоти макаронии истеҳсоли Тоҷикистон, фурӯши онҳо, фурӯши равғани растанӣ ва боқимондаи коркарди он( хӯроки чорво ва паранда) дар сатҳи 10% (меъёри стандартӣ - 15%) муқаррар шудааст.

Ҳамчунин воридкунандагони гази табиӣ ва неруи барқ 50% аз пардохти ААИ озод карда мешаванд.

Ба рӯйхат КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фӯруши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” шомил шуда, зимни хариди маҳсулоти хӯрокворӣ 50% ААИ тахфиф мешавад.

Воридкунандагони мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти ҶСК “Маркази барқу гармидиҳӣ”-и Душанбе аз пардохти боҷи гумрукӣ, 50% ААИ ва аксиз озод карда мешаванд.

Ба қарзҳои ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва ҶСК “НБО Роғун” аз андоз барои барқи додаашон ба ШСХК “Барқи тоҷик” фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва дастаҳои футболи кишвар аз пардохти 50% андоз аз амволи ғайриманқул, мураббиён ва бозингарони хориҷӣ, ки барои рушди фаъолияти Федератсия ва дастаҳои футбол ҷалб мешаванд, аз пардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз пардохти хироҷ ва пардохтҳои гумрукӣ, инчунин 50%  ААИ зимни воридоти бланкҳои шиноснома, ки ҳомилҳои электронии маълумот доранд, озод карда мешавад.

Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии пиллаи баландсифат барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама навъи хӯроки чорво аз боҷи гумрукӣ ва 50% ААИ озод карда мешавад.

Иҷрои корҳо ва хидматрасонӣ аз ҷониби филиали консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» дар майдони сохтмони неругоҳи “Роғун” аз пардохти андоз аз даромад ва 50% ААИ озод карда мешавад.

Ҳамчунин соли оянда воридоти маводи ғизоӣ, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати ҶТ аз пардохти андоз ва 50% ААИ озод карда мешавад.

Ҳамчунин дар рӯйхат банди махфии “барои нашр пешбинӣ нашудааст” вуҷуд дорад.

Имтиёзҳо ба ним миллиард доллар

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, соли 2023 бо сабаби пешниҳоди имтиёзҳо аз андоз ва сабукиҳо ба ин ё он бахшу соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ, ба буҷети кишвар ҳудуди 6,1 млрд сомонӣ (зиёда аз 550 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд.

Ин ба 34,3%-и ҳаҷми умумии воридоти маблағҳо ба буҷет аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ баробар аст.

Соли 2023 ба буҷети  кишвар аз ҳисоби андозҳои дохилӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ба ҷамъоварии он Кумитаи андоз машғул аст, беш аз 17,3 млрд сомонӣ ворид шуд, ки 3,8% зиёдтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад.

Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатззода бар ин назар аст, ки имтиёзҳо зиёданд, лекин онҳо ба ақидаи ӯ, дар марҳилаи кунунии рушди иқтисоди кишвар лозиманд.

“Ҳоло бе имтиёз намешавад, зеро онҳо рушдро ҳавасманд месозанд. Лекин минбаъд давра ба давра онҳоро ба тартиб даровардан зарур аст”, - гуфта буд ӯ ба “Азия-Плюс” дар моҳи феврали соли равон.

Давлатзода зикр кард, ки мувофиқи Кодекси амалкунанда имтиёзҳо наметавонанд хусусияти инфиродӣ дошта бошанд: онҳо ба соҳаҳои афзалиятнок ба муҳлати на зиёдтар аз 5 сол дода шуда, набояд аз 50%-и меъёри андоз зиёдтар бошанд.

Зимни таҳияи Кодекси андоз, ки аз 1 январи соли 2022 амал мекунад, ин меъёрҳо бо пешниҳоди шарикони рушди ҳукумати Тоҷикистон, ки дар таҳияи ин санад кумак карданд, ворид карда шуданд.

Дар Кодекси пешина чунин маҳдудиятҳо вуҷуд надоштанд, имтиёзҳоро бидуни ҳеҷ чаҳорчӯбе ба ҳама андозсупоранда додан мумкин буд.

Қаблан намояндагони Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки давра ба давра аз таҷрибаи пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андоз даст кашад.

Пеш аз ин иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ маслиҳат доданд, ки низоми андоз тавассути коҳиши имтиёзҳо бозбинӣ карда шавад.

“Ин метавонад заминаи андозбандиро васеъ карда, нобаробариҳоро кам кунад”, - ба чунин хулоса расида буданд онҳо.

Дар ҳамин ҳол, дар Буҷети давлатии кишвар барои соли 2024 афзоиши воридоти маблағ аз пардохти андозҳо дар сатҳи 14,3% ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми воридоти маблағҳо аз ҳисоби андоз дар сохтори даромади буҷети давлатӣ барои соли 2024 дар ҳаҷми 26,3 млрд сомонӣ (2,4 млрд доллар) муқаррар шудааст. Ин 3,3 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба Буҷети давлатии соли 2023 аст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби андозҳои дохилӣ воридоти 18,9 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ воридоти 8,4 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.