Душанбе. 9-уми август:. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Данғара назди посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ як нафар зери чархи автомашинаи КАМАЗ монд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи КАМАЗ, сокини 29-солаи ноҳияи Ховалинг дар наздикии посгоҳи БДА дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара аз ӯҳдаи идораи автомашинаи боркаш набаромада, дар натиҷа ба сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб Акмал Ниёзов бармехӯрад.

«Акмал Ниёзови дар назди автомашинаи шахсии тамғаи «Daewoo» истода аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - гуфтанд дар вазорат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.