Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ як ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дод, ки боиси талафоти ҷонӣ гашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаби 5-уми декабр ронандаи автомашинаи тамғаи Mitsubishi Pajero, сокини 58-солаи шаҳри Душанбе М.И. ҳангоми ҳаракат дар километри 394-уми роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, дар мавзеи Марғизори ноҳияи Дарвози ВМКБ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, он аз ҷарии 30-метр ба рӯдхонаи Панҷ сарозер мешавад.

«Дар натиҷа яке аз се мусофирон – сокини 36-солаи ноҳияи Ванҷ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона бистарӣ шудаанд», - гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Раёсат Бозрасии давлатии автомобили кишвар, шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон 6 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо шаш нафар ҳалок ва се тан ҷароҳат бардоштаанд.