Дар яке аз манзилҳои зисти шаҳри Хуҷанд ҷасади ду нафар бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, дар яке аз квартираҳои биноҳои истиқоматии микрорайони 8-уми шаҳр ҷасади соҳибманзил Иброҳим Салимови 50-солаи бекор ва Олга Салтановаи 45-сола бо ҷароҳатҳои буридаву шикаста ва чокшуда дарёфт гардидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел дар прокуратураи шаҳри Хуҷанд тибқи моддаи 104, қ. 2 и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҷиҳати муайян кардан ва боздошти афроди гумонбар ба содир намудани ин ҷиноят тадбирҳои фаврӣ андешида мешаванд. Тафтишот идома дорад.

Мувофиқи маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии вилоят 39 ҳодисаи куштани одамон (ҳамин давраи соли гузашта – 40 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.