Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи душанбе, 12-уми ноябр, дар километри 224-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ҷамоати Пошкенти шаҳри Истаравшан ба вуқӯъ пайваст, се нафар ба ҳалокат расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД-и ҷумҳурӣ хабар доданд, ронандаи автомашинаи навъи «Опел-Вектра» сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан Х.Н. суръати ҳаракати мошинро зиёд намуда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт намебарояд. «Дар натиҷа автомашина ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, аз зарбаи автомашина ба дарахт ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафар мусофирони автомашина – сокинони шаҳри Истаравшан Х.Р.-22-сола ва Ф.У.-и 21-сола ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардоранд ва ҳангоми интиқол ба беморхона фавтидаанд.
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста