Бар асари сӯхтор ду корхонаи коркарди нахи пахтаи вилояти Суғд хисороти назаррас бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сӯхтор дар корхонаҳо қариб дар як вақт рӯзи 25-уми декабр ба вуқӯъ пайвастааст. «Нахуст дар корхонаи «Солеҳ Исматов»-и ноҳияи Мастчоҳ сӯхтор сар зада, майдони 550 метри мураббаъи қаламрави корхонаро фаро гирифтааст. Дар натиҷа 5,5 тонна пахта ба коми оташ рафта, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми зарари молӣ ҳудуди 10 ҳазор сомониро ташкил додааст», - гуфтанд дар вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтори дуюм дар корхонаи «Фаронак»-и ноҳияи Зафробод ба амал омада, дар натиҷа ҳудуди 8 тонна пахта нобуд ва ҳаҷми хисорот аз сӯхтор беш аз 12 ҳазор сомониро ташкил додааст. «Дар ҳарду ҳолат сабаби сар задани сӯхтор ноқисиву носозии таҷҳизоти корхонаҳо арзёбӣ мешавад», - афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 705 ҳодисаи сӯхтор (ҳамин давраи соли гузашта – 658 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари он 16 нафар ҳалок (соли 2010 – 12 нафар) ва 64 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ (соли 2010 – 32 нафар) бардоштанд.