Дар вилояти Суғд шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА-и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷамоати Коммунизми шаҳри Истаравшан ронандаи комбайни ғалладаравии навъи СК-5М-1 Нурулло Қаршибоев аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини 23-солаи деҳаи Лакат Т.Х.-ро зер мекунад, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардоштаи ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти дигар дар қаламрави шаҳри Қайроққум рух дода, дар он сокини 18-солаи ҳамин шаҳр С.В. бо мошини тамғаи «Опел-Астра» бо суръати баланд аз роҳ ба берун мебарояд. «Дар натиҷа автомашина чаппа гашта, ронанда дар ҷойи садама фавтид», - афзуд манбаъ.