Шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон панҷ нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз РБДА ВКД Тоҷикистон хабар доданд, садамаи аввал дар наздикии деҳаи Ванчеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст. «Дар натиҷаи бо суръати баланд ҳаракат кардан автомашинаи «Чанху»-и истеҳсоли Чин ба ҷарӣ сарозер рафта, чор нафар мусофирони он аз ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронандаву боз як мусофири дигар бо ҷароҳатҳо ба беморхонаи маҳаллӣ мунтақил шудаанд», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз дар километри 60-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе автомашинаи тамғаи «Жигули» ба автомашинаи тамғаи «Чанху» бармехӯрад, ки дар натиҷа мусофири автомашинаи «Чанху» ба ҳалокат расидааст.