Дар арафаи Соли нави мелодӣ се нафар сокинони вилояти Суғд, ки ҳама мардонанд, даст ба худкушӣ заданд.
Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар остонаи соли нав сокини 51-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, падари се фарзанд дар манзили зисташ худро ба дор овехта, ба ҳалокат расидааст.
Ҳодисаи дигар дар ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Конибодом рух додааст: ин ҷо ҳам падари 4 фарзанд, марди 49-сола худро дар манзили зисташ ба дор овехтааст.
Худи ҳамон рӯз, сокини 52-солаи ҷамоати Пашкенти ноҳияи Истаравшан дар устохонааш худро ба дор овехта, чор фарзандро ятим гузоштааст.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 11 моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 215 ҳодисаи худкушӣ (соли 2010 – 293 ҳодиса), аз ҷумла 59 ҳолати суиқасд ба он ба қайд гирифта шуд.
Миёни аз худкушӣ ҳалокшудагон 97 нафарро мардон (8 нафар ноболиғон) ва 181 нафарро занон (21 нафар ноболиғон) ташкил медиҳанд.
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста