Рӯзи аввали соли нав дар ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтор ба амал омада, бар асари он кӯдаки 1-сола ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, сӯхтор дар хонаи сокини ноҳияи мазкур сар зада, оташ 24 метри мураббаъи биноро фаро гирифтааст ва аз дуди ғализ духтарчаи соҳибхона нафасгир шуда, дар бемористон фавтидааст.

Ғайр аз ин, ба иттилои манбаъ, рӯзи 31-уми декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон низ дар манзили зисти яке аз сокинони маҳаллӣ сӯхтор ба амал омада, оташ майдони 120 метри мураббаъро фаро гирифтааст. «На танҳо амволи шахсӣ, балки манзили зисти соҳибхона пурра ба тӯъмаи оташ рафтааст», - гуфтанд дар вазорат.

Зикр гардид, ки дар ҳарду маврид ҳам сабаби сар задани оташ истифода нодурусти оташдонест, ки бо ангиштсанг гарм мешавад.