Дар як садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар 6 нафар ба ҳалокат расида, боз як нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД хабар доданд, садамаи нақлиёт рӯзи 1-уми январ рух додааст. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес» Х.Н.-и 24-сола зимни ҳаракат аз ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарахти канори роҳ бармехӯрад.

«Бар асари ин бархӯрд ронанда ва панҷ мусофирони синнусоли 20-21-солаи он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Танҳо як мусофири автомашина ҷон ба саломат бурдааст, ки айни замон дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад», - гуфт манбаъ.