Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ ҷавони 17-сола зери тарма монд. Ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 4-уми январ дар ноҳияи Рашт рух додааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳангоми ба теппаи Чапдара баромадани Зикрулло Наботзодаи 17-сола тарма фаромада, ӯ зери он мондааст. Ҷасади ҷавон худи ҳамон рӯз дарёфт гарда, пас аз ташхис ба хешовандонаш супурда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мақомоти дахлдор аҳолиро дар бораи хатари фаромадан тарма дар кишвар, бахусус дар манотиқи кӯҳистон рӯзҳои 4-6-уми январ огаҳ карда буданд.