Бар асари як садамаи нақлиёт, ки нимаи рӯзи 14-уми январ дар километри 113-уми Торжок-Осташков (вилояти Твери Русия) рух дод, 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, автомашинаи тамғаи ВАЗ-2109 бо сабаби номаълум ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автобуси мусофиркаш бармехӯрад.

Дар натиҷа панҷ нафар шахсони дохили автомашина дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Миёни мусофирони автобус касе осеб надидааст.

Шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд – Сафарбек Қӯшбеков, Зафар Солеҳов, Мурод Тиллоев, Зоҳидҷон Ҷӯраев ва Назирҷон Худойназаров мебошанд.

Афни замон намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷиҳати ҳарчи зудтар ба ватан фиристодани ҷасадҳои ҳалокшудагон ба ватан чора меандешад.